Ғофилгир шудани мардум аз бориши барф дар Қазоқистон
(last modified Mon, 25 Sep 2017 14:41:51 GMT )
Сентябр 25, 2017 19:41 Asia/Dushanbe
  • Ғофилгир шудани мардум аз бориши барф дар Қазоқистон

Коҳиши дамои ҳаво ва нахустин бориши барф дар Қазоқистон, мардуми ин кишварро ғофилгир кард.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, коҳиши дамои ҳаво дар шаҳри Алмаато бориши аввалин барф дар шаҳри Павлодар боис шуд, мардум бо пушидани либосҳои гарм зудтар аз мавъид ба пешвози зимистон бираванд .

Дар шаҳри Алмаато, дамои ҳаво ба манфии як дараҷа ва дар шимоли Қазоқистон ба манфии панҷ дараҷа расида, ки ин сармо токунун дар моҳи сентябр бесобиқа будааст .

Ҳамчунин пешбинӣ мешавад, ин кишвар имсол сармои шадидеро таҷруба кунад .