Озодии як зиндонии сиёсии дигар дар Узбакистон
Яке дигар аз зиндониёни сиёсӣ ва фаъолони ҳуқуқи башари Узбакистон аз зиндон озод шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сайти CA-JORG.net, Аъзам Фармонов аз мунтақидони ҳукумати пешини Узбакистон пас аз 11 сол зиндон, раҳоӣ ёфт.
Озодии Аъзам Фармонови 38 сола дар идомаи раванди озодии зиндониёни сиёсии Узбакистон бо истиқболи маҳфилҳои дохилӣ ва хориҷии дифоъ аз ҳуқуқи башар ру ба ру шудааст.
Бо рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон, шумори қобили таваҷҷуҳе аз мухолифон ва мунтақидони ҳукумати пешини ин кишвар аз зиндонҳо озод шуданд, ки Муҳаммад Бекҷонов, Мурод Ҷураев, Эркин Мусоев ва Ҷамшед Каримов аз он ҷумла ҳастанд.
Аъзам Фармонов, ки дар гузашта аз ҳуқуқи кишоварзон ва ашхоси маъюб дифоъ мекард, соли 2006 бо ташкили парвандае ба иттиҳоми тамаъҷуӣ дастгир ва пас аз эътироф дар зери шиканҷа ба 9 сол зиндон маҳкум шуд , аммо дар даврони зиндон муддати муҷозоти вай афзоиш ёфт.