Октябр 04, 2017 19:26 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммуъ ва эътирози ҳомиёни Бабанов ба амалкарди давлати Қирғизистон

Теъдоде аз шаҳрвандони шаҳри Таласи Қирғизистон дар эътироз ба наҳваи бархурди давлат бо номзадҳои интихоботӣ ва дар ҳимоят аз Омурбек Бабанов, нахуствазири асбақ, ба хиёбон рехтанд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, муътаризон, ки ҳудуди 500 нафар буданд, аз давлати Бишкек хостанд, то даст аз бозиҳои сиёсӣ дар муқобили бархе аз номзадҳо бардоранд ва интихоботе одилонаву шаффоф баргузор кунанд .

Мавзуи боздошти Канатбек Исаев, раиси Ҳизби Қирғизистон ва ҳомии Бабанов аз мавзуоти дигаре буд, ки муътаризон ба он пардохтанд ва аз давлат хостанд, то бо ин фард бо адолат бархурд шавад .

Канатбек Исаев ба иттиҳоми талош барои кудато ва иртибот бо мухолифини давлат, чанд рӯз қабл тавассути мақомоти амниятии қирғиз боздошт шуд ва дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққат ва таҳти бозпурсӣ қарор дорад .

Ин намояндаи парлумон, ҳомии Омурбек Бабанов, номзади ин давра аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Қирғизистон аст .