Август 16, 2016 14:10 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди вазъияти амниятии

Давлати Қазоқистон вазъи амниятии ин кишварро, ки дар сатҳи "зард" қарор дорад, то 15 январи соли 2017 тамдид кард.

Ба гузориши хабаргузории "Меҳр", маркази зиддитеррори ҷумҳурии Қазоқистон эълом кард, ки вазъияти "зард"-ро, ки дар миқёси амниятӣ, вазъияте миёна аст то 15 январи соли 2017 тамдид мекунад.

Моҳи гузашта ба дунболи ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як шуъбаи полис дар шаҳри Алмаато, Маркази тиҷории Қазоқистон, дар ин кишвар вазъияти "қирмиз" эълом шуда ва давлат аз мардум хоста буд, ки дар хонаҳо бимонанд.

Дар ин ҳодиса чаҳор маъмури полис кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуда буданд.

Ҳудуди се моҳи пеш низ дар Қазоқистон дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона ба муассисоти низомӣ, вазъияти амниятии "зард" эълом шуда буд.

 

Барчасп