Октябр 31, 2017 16:24 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Остона; гомҳои тоза барои ҳалли буҳрони Сурия

Ҳафтумин даври музокироти Остона рӯзҳои душанбе ва сешанбе бо ҳузури ҳайатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия, Туркия ва намояндаи давлати Сурия дар шаҳри Остона - пойтахти Қазоқистон баргузор мешавад.

Ҳайати эронии ширкаткунанда дар ин музокирот ба сарпарастии Ҳусайн Ҷобирии Ансорӣ, муовини арабӣ ва африқоии вазири хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе вориди пойтахти Қазоқистон шуд.

Ин музокирот, ки аз рӯзи душанбе оғоз шудааст, дар чорчӯби роҳбурди ҳалли сиёсии буҳрони Сурия, бо пайгирӣ ва пуштибонии Русия, Эрон ва Туркия бар асоси тавофуқи нишасти сеҷонибаи вазирони хориҷаи Эрон, Русия ва Туркия дар нишасти 20-уми декабри 2016 дар Маскав дунбол мешавад.

Ин музокирот аз се ҷанба дорои аҳамият аст.

Ҷанбаи нахусти ин музокирот, тақвияти дипломатияи минтақаӣ аст, ки ба мувозоти муборизаи қотеъ бо терроризм пас аз озодсозии манотиқи стратегии таҳти контроли Сурия, ба вижа шаҳри Раққа, заминаи музокироти фарогир барои ҳалли буҳрони Сурияро фароҳам сохтааст .

Ҷанбаи дувуми аҳамияти ин музокирот, пайвастани гурӯҳҳои дорои шароити музокира бо давлати Сурия ба раванди музокироти Остона аст.

Аммо ҷанбаи севуми аҳамияти ин музокирот, ҳамсӯии Туркия бо музокироти Остона ва такмил шудани ҳалқаи дипломатияи минтақаӣ барои кумак ба ҳалли буҳрони Сурия аст.

Бо ин ҳол ҳанӯз мушаххас нест, нақши Амрико дар ин раванд чӣ гуна хоҳад буд. Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон дар баёнияе аз ҳузури Дейвид Сотирфилд, мушовири Вазорати умури хориҷаи Амрико дар умури Ховари Миёна дар ҳафтумин даври музокироти сулҳи Сурия дар Остона хабар дод.

Табиист, ки амрикоиҳо наметавонанд пирӯзиҳои майдонӣ дар Сурияро нодида бигиранд, аммо саъй доранд аз ин муваффақиятҳо бистари тозае барои нуфуз дар Сурия эҷод кунанд.

 Ҷозеф Донфорд, раиси Ситоди муштараки артиши Амрико пештар дар суханоне дар бошгоҳи миллии матбуоти Амрико (21 –уми майи 2017) гуфта буд: “...Ҳаракат таҳти ҳидояти Вазорати умури хориҷаи Амрико барои ташкили як ниҳоди ҳукмрон дар ҷараён аст то ба маҳзи ин ки Раққа тасарруф шуд, як ҳукумати маҳаллии коромад вуҷуд дошта бошад. Ин ниҳод аз раҳбарони араби аҳли Раққа баҳра хоҳад бурд ва мо ҳамчунин мекӯшем як нерӯи амниятии муташаккил аз нерӯҳои маҳаллӣ эҷод кунем то пас аз тасарруфи шаҳри Раққа авзои шаҳрро тасбит кунанд”.

Акнун эътилофи Амрико ба баҳонаи кумак ба мардуми Раққа қасди эҷоди пойгоҳи ҷадид дар Сурияро дорад.

 Франтс Клинтсевич, муовини аввали Кумитаи амниятӣ ва дифои Шӯрои федератсияи Русия дар вокуниш ба ин тасмими Амрико эълом кард, тахсиси миллионҳо доллар ва евро ба Раққа, он ҳам бо ин суръат, намунаи дигаре аз ин амр аст, ки чӣ тавр Эътилофи байналмилалӣ сиёсатҳои дугона дар Сурия дунбол мекунад.

 Ин мақоми рус таъкид кард, масъалае, ки ин ҷо матраҳ мешавад, сирфан бо талошҳо барои махфӣ кардани шавоҳиди марбут ба бомбаборони ваҳшиёна нест, балки масъалаи аслӣ марбут ба талошҳо барои табдил кардани Раққа ба маркази ҷадид дар Сурия аст, ин ҳадафи аслии пулҳое аст, ки равонаи Раққа шудааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ҳам дар баёнияе озодсозии шаҳри Раққаи Сурияро оғозгари марҳалае тоза хонд ва муддаӣ шуд, Вашингтон аз музокироти дипломатӣ барои ҳалли буҳрони Сурия ҳимоят мекунад.

Дар ин нукта тардид нест, ки бо пирӯзиҳое, ки дар арсаи набард бо ДИИШ дар Сурия ба вуҷуд омада, баҳси Сурия акнун вориди мадори тозае аз гуфтумони сиёсӣ шудааст. Аммо ин савол матраҳ аст, ки оё Амрико ва Арабистон ҳамон гуна ки дар баёнияҳои худ аз натоиҷи музокироти Остона ҳимоят карданд, дар марҳалаи иҷро низ ин тавофуқро таҳаммул хоҳанд кард?