Вазири умури хориҷаи Узбакистон: Амнияти байналмилалӣ ба амнияти Осиёи Марказӣ гиреҳ хурдааст
(last modified 2017-11-12T13:48:15+00:00 )
Ноябр 12, 2017 18:48 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Узбакистон: Амнияти байналмилалӣ ба амнияти Осиёи Марказӣ гиреҳ хурдааст

Вазири умури хориҷаи Узбакистон гуфт: Амнияти байналмилалӣ ба амнияти Осиёи Марказӣ гиреҳ хурдааст ва ба ин иллат тамоми намояндагони созмонҳои байналмилалӣ бар субот дар ин минтақа таъкид доранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон гуфт: Таи 2 рӯзи Ҳамоиши байналмилалӣ дар Самарқанд  дидорҳое дар сатҳи олӣ баргузор шуд ва нахустин бор таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ мабзул шуд .

Комилов пас аз Ҳамоиши байналмилалии “Осиёи Марказӣ, гузашта ва оянда, ҳамкорӣ барои тавсеа ва шукуфоии пойдор” изҳор дошт: Сатҳи ин ҳамоиши байналмилалӣ аз лиҳози сатҳи ширкаткунандагон боло буд, намояндагони беш аз 20 кишвари Осиё, Аврупо ва Амрико дар ин ҳамоиш ҳузур доштанд .

Вай афзуд: Аз ҷумла руасои беш аз 10 созмони минтақаӣ ширкат карданд ва беш аз 70 намояндаи кишварҳои мухталиф суханронӣ карданд, ки дар суханони худ бар густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил дар заминаҳои ҳифзи субот, амният ва сулҳ дар минтақа таъкид карданд .

Комилов хотирнишон кард: Шавкати Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон низ дар ҳамоиш бар зарурати густариши беш аз пеши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ба кор бурдани потенсиали ҳамлу нақлӣ ва логистикӣ таъкид кард .

Ин дипломати аршади Узбакистон гуфт: Мирзиёев ҳамчунин ба ҳифзи амнияту субот дар минтақа барои тавсеаи беш аз пеши равобити наздик ва дӯстона бо кишварҳои минтақа ва тамоми ҷаҳон ишора кард .

Вай афзуд: Муҳим ин аст, ки тамоми ширкаткунандагони ин ҳамоиш омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои муштарак ҷиҳати ҳифзи суботу амният дар минтақа, мубориза бо падидаҳои шум монанди терроризм, ифротгарӣ ва қочоқи маводи мухаддир эълом карданд .

Дар чорчуби ин ҳамоиш, вазири умури хориҷаи Узбакистон бо намояндагони кишварҳои мухталиф дидор ва дар мавриди густариши ҳамкории мутақобил гуфтугӯ кард .