Ҳушдор дар бораи эҳтимоли ҳамлаи гурӯҳҳои террористӣ ба Осиёи Марказӣ
(last modified Thu, 16 Nov 2017 11:48:35 GMT )
Ноябр 16, 2017 16:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор дар бораи эҳтимоли ҳамлаи гурӯҳҳои террористӣ ба Осиёи Марказӣ

Сафири Русия дар Тоҷикистон дар бораи нуфузи гурӯҳҳои террористӣ аз шимоли Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор дод ва хостори омодагии ин кишварҳо барои муқобила бо ҳамлаҳои эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ шуд.

Игор Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон ҳангоми боздид аз Размоиши муштараки нерӯҳои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, дар бораи ҳамлаҳои эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бо истифода аз хоки Афғонистон ҳушдор дод.

Вай ҳадаф аз баргузории размоиши муштарак дар Тоҷикистонро муқобила бо таҳдидҳои эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ дар марзҳои ин кишвар эълом кард. Ин дипломати рус таъкид кард, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд барои муқобила бо ҳаргуна таҳдиди эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ омода бошанд .

Воқеият он аст, ки буҳрону ноамнӣ дар Афғонистон ҳамвора аз дағдағаҳои амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин Русия будааст. Бо ин тафовут, ки вуҷуди чолиши амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамвора ба навъе як фурсат барои Русия низ ба шумор меояд.

Аз ин рӯст, ки дар адабиёти мақомоти рус борҳо мавзуи ноамнии Афғонистон ва тарҳи мавзуи густариши буҳрони ин кишвар ба кишварҳои минтақа дастмояи тавҷеҳи рафтори сиёсии Маскав дар минтақа будааст ва ҳатто ҳамин нигарониҳо ин имконро фароҳам кард, ки Русия ба ҳамроҳи Чин дар тақвияти созукори амниятии Созмони ҳамкории Шанҳай ҳамсӯ амал кунанд.

Вуруди Русия ба таҳаввулоти Афғонистон, оғози ҳамкориҳои низомӣ бо Покистон ва таҳкими камарбанди амниятӣ дар марзҳои ҷанубии Иттиҳоди собиқи Шӯравӣ ба вижа дар навоҳии марзии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон дар ҳамин чорчуб қобили таҳлилу арзёбӣ аст.

Аммо ба рағми ҳамаи нигарониҳое, ки мақомоти рус аз ноамнӣ дар Афғонистон матраҳ мекунанд, онон ба ин мавзуъ изъон доранд, ки дар ҳоли ҳозир таҳдиди мустақиме алайҳи кишварҳои минтақа вуҷуд надорад, ҳарчанд ин бадон маънӣ нест, ки дар оянда чунин таҳдиде вуҷуд нахоҳад дошт .

Ахиран низ мавзуи фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ҳамчун ДИИШ дар Афғонистон бар дағдағаҳои амниятии мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дипломатҳои рус афзудааст.

Ишораи сафири Русия дар Тоҷикистон ба инки ҳузури ҳудуди чаҳор ҳазор шибҳнизомии мусаллаҳ дар шимоли Афғонистон таҳдиде барои амнияти кишварҳои Осиё Марказӣ аст, нишон медиҳад, назди мақомоти Маскав ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки Амрико бо истифода аз гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон қасди эҷоди ноамнӣ дар марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва эҷоди дилмашғулии амниятӣ барои Русия дар марзҳои Иттиҳоди собиқ Шӯравӣ дорад .