Август 19, 2016 19:33 Asia/Dushanbe
  • Бузургтарин чолиши амниятии Осиёи Марказӣ

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ҳузури шаҳрвандони кишварҳои ин минтақаро дар марказҳои буҳрон, муҳимтарин чолишҳои Осиёи Марказӣ медонад.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Андрей Грозин, раиси бахши Осиёи Марказии Муассисаи мутолеоти Иттиҳоди давлатҳои мустақил гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо чолиши ҷадиде рӯбарӯ ҳастанд, ки кори хадамотҳои амниятии ин ин кишварҳоро сахттар аз гузашта кардааст.

Ин коршинос ба хабаргузории "Спутник" гуфт: "Афзоиши рушди таҳдидҳои террористӣ дар Осиёи Марказӣ ва ноамниҳои ҷадид натиҷаи қарор гирифтани Осиёи Марказӣ дар миёни ду маркази буҳрони ҷаҳонӣ, яъне Афғонистон ва кишварҳои арабӣ аст ва акнун Осиёи Марказӣ зимни ин ки ҳамчунон дар маърази осеби ноамниҳои Афғонистон аст, бояд фаъолиятҳои ДИИШ дар кишварҳои арабиро низ пайгирӣ кунад".

Ба гуфтаи Грозин, мушкилоте ки дар ҳоли ҳозир кишварҳои Ховари миёна даргири он ҳастанд, аз сӯйи бархе кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ тарроҳӣ шудааст ва ин ҷанги иттилоотӣ таҳдиде ҷиддӣ барои кишварҳои минтақа маҳсуб мешавад.

Грозин таъкид кард, ҳаводиси ахир дар Қазоқистон паёме ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ки дар сурати бетафовутӣ ба таҳаввулоти кишварҳои атроф, оташе ки дар кишварҳои дигар барафрӯхтаанд, ба ин минтақа низ сироят хоҳад кард.

Барчасп