Декабр 03, 2017 14:56 Asia/Dushanbe
  • Поёни таниши марзии Қирғизистон ва Қазоқистон

Таниши марзии миёни Қирғизистон ва Қазоқистон бо имзои як тавофуқнома ва нақшаи роҳи ҳамкорӣ миёни муовинони аввали нахуствазирони ду кишвар, поён ёфт.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин тавофуқнома рӯзи шанбе дар ҷараёни сафари Толкунбек Абдигул, муовини аввали нахуствазири Қирғизистон ба Остона, миёни вай ва Аскар Мамин, муовини нахуствазири Қазоқистон, имзо шуд.

Бар асоси ин тавофуқнома, гузаргоҳҳои марзии ду кишвар аз имрӯз (якшанбе) дар ҳолати оддӣ фаъолият хоҳанд кард.

Сафари муовини аввали нахуствазири Қирғизистон ба Остона дар пайи дидор ва музокираи Сооронбай Жээнбеков, раисиҷумҳури ҷадиди Қирғизистон бо Нурсултон Назарбоев ҳамтои қазоқистонии худ сурат гирифт.

Ин ду дар ҳошияи иҷлоси ахири сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Минск, бо ҳам дидор карда буданд.

Таниш дар равобити Қазоқистон ва Қирғизистон собиқаи дерина дорад, вале дар моҳи гузашта ташдид ёфта буд.

Дар 10 октябри соли ҷории милодӣ, давлати Остона убури мардум ва коло дар марз бо Қирғизистонро маҳдуд кард, ки ин амр мунҷар ба ташкили сафҳои тӯлонии афрод ва мошинҳои маҳсулот аз самти ин кишвар ба тарафи Қазоқистон шуд ва Қирғизистонро ногузир ба шикоят ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ва Иттиҳодияи иқтисоди Евразия кард.

Дар давраи раёсатҷумҳурии Алмазбек Атамбоев, раисиҷумҳури қаблии Қирғизистон, сарди дар равобити ин кишвар ва Қазоқистон ҳоким буд.