Имзои 140 миллион доллар қарордод; Дастоварди сафари раисиҷумҳури Қирғизистон ба Узбакистон
(last modified 2017-12-14T14:07:27+00:00 )
Декабр 14, 2017 19:07 Asia/Dushanbe
  • Имзои 140 миллион доллар қарордод; Дастоварди сафари раисиҷумҳури Қирғизистон ба Узбакистон

Дар сафари раисиҷумҳури Қирғизистон ба Узбакистон, асноди ҳамкорӣ ба арзиши 140 миллион доллар байни ду кишвар ба имзо расид.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар ҳошияи ин сафар, намоишгоҳи маҳсулоти санъатии Тошканд баргузор ва ҳамоише бо ҳузур беш аз 400 намояндаи вазоратхонаҳо, ниҳодҳо ва маҳофили тиҷории ду кишвар сурат гирифт, ки дар ҷараёни он, тавофуқоти 140 миллион долларӣ ба имзо расид.

Сооронбой Жээнбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ҳамчунин тааҳҳуди худро дар мавриди тавсеаи фаъол ва таҳкими мушорикати стратегӣ, дӯстӣ, ҳусни ҳамҷворӣ ва эътимод миёни ду кишвар, таъйид карданд.

Сарони ду кишвар бо ишора ба лузуми тақвияти таомулоти дуҷониба дар арсаи байналмилалӣ, тамоюли мутақобил дар заминаи тавсеаи бештари ҳамкории Тошканд ва Бишкекро дар чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Ҳамсуд, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва соири сохторҳои байналмилалӣ иброз доштанд.