Таъсиси нахустин Академияи исломӣ дар Узбакистон
(last modified Sun, 17 Dec 2017 05:01:45 GMT )
Декабр 17, 2017 10:01 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси нахустин Академияи исломӣ дар Узбакистон

Раисиҷумҳури Узбакистон дар фармони ҷадиде, таъсиси «Академияи исломӣ» дар ин кишварро содир кардааст.

Ба гузориши ИРНА, бар асоси фармони Шавкат Мирзиёев, Идораи мусулмонони Узбакистон масъулияти таъсиси ин академияи исломиро бар ӯҳда хоҳад дошт.

Бар асоси ин гузориш, дар Академияи исломии Узбакистон илова бар шаҳрвандони ин кишвар, атбои хориҷӣ низ метавонанд таҳсил кунанд. Ба коргирии омӯзиш аз роҳи дӯр барои муҳаққиқон ва анҷоми мутолиоти мустақил низ имконпазир хоҳад буд.

Акнун як донишкада ва як донишгоҳи исломӣ дар Тошканд, пойтахти Узбакистон фаъол аст. Дар тобистони соли ҷорӣ низ мадрасаи олии динии Мири Араб дар Бухоро, кушоиш ёфт.

Ҳамчунин давлати Узбакистон ахиран ба масоҷиди шаҳри Тошканд ва дигар манотиқи Узбакистон, аз ҷумла Андиҷон ва Фарғона иҷоза дод азонро аз тариқи баландгӯҳо пахш кунанд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Идораи мусулмонони Узбакистон ба тозагӣ дастури ташкили давраҳои омӯзиши таҷвиди Қуръон забони арабиро дар марокизи омӯзиши динии ин кишвар содир кардааст.

Дар даврони раёсатҷумҳурии Ислом Каримов (раисиҷумҳури пешини Узбакистон), пахши садои азон аз баландгӯи масоҷид, доштани ҳиҷоби исломӣ барои бонувони мусулмон, иқомаи намоз дар идорот ва тадриси диншиносӣ дар мадориси давлатии ин кишвар, мамнуъ шуда буд.