Оғози раёсати давраии Қазоқистон бар Шӯрои амнияти Созмони Милал дар январи 2018
(last modified 2017-12-31T06:36:08+00:00 )
Декабр 31, 2017 11:36 Asia/Dushanbe
  • Оғози раёсати давраии Қазоқистон бар Шӯрои амнияти Созмони Милал дар январи 2018

Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон аз оғози раёсати давраии ин кишвар барои нахустин бор бар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, аз январи 2018 хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, вазорати умури хориҷаи Қазоқистон имрӯз (шанбе) дар гузорише эълом кард, муддати раёсати давраии ин кишвар бар Шӯрои амнияти Созмони Милал, як моҳ аст.

Ҷопон раёсати давраии Шӯрои амниятро дар моҳи декабри ҷорӣ бар ӯҳда дорад.

Қазоқистон аз аввали моҳи январи 2018 кори худро ба унвони узви ғайр доими Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба муддати як сол оғоз мекунад.

Дастёбӣ ба ҷаҳони орӣ аз силоҳҳои ҳастаӣ, рафъи таҳдидҳои ҷанги ҷаҳонӣ ва ҳалли ихтилофоти маҳаллӣ, тарвиҷи манофеи Осиёи Марказӣ, тақвияти амният ва ҳамкориҳои минтақаӣ, мубориза бо терроризм, масоили марбут ба сулҳу амният дар Африқо ва барномаи Шӯрои амният ва Созмони Милал барои муқобила бо таҳдидоти ҷаҳони имрӯз, аз аввлавитҳои Қазоқистон ба унвони узви ғайри доими Шӯрои амнияти Созмони Милал аст.