Роҳандозии хатсайри мусофирбар байни Узбакистону Қазоқистон
(last modified Fri, 05 Jan 2018 14:33:51 GMT )
Январ 05, 2018 19:33 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии хатсайри мусофирбар байни Узбакистону Қазоқистон

Узбакистону Қазоқистон аз роҳандозии ҳаракати мусофирбарҳо дар масири Тошканд – Чимкент – Тошканд хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин автобусҳо аз рӯзи ҷумъа, панҷуми январ ҳамарӯза аз соати 6:00 то 20:00 дар фосилаи як соат аз гузаргоҳҳои марзӣ ҳаракат мекунанд. Нуқоти поёнии ин масири ҳаракат Тошканд дар Узбакистон ва Чимкенти Қазоқистон аст. Тӯли ин масир ҳудуди 145 километр аст ва паймудани он се соат замон мебарад. Автобусҳо мусофирони марзиро аз гузаргоҳҳои Гишт Купрӯки Узбакистон ва Жибек Жолии Қазоқистон мунтақил мекунанд.

Мақомҳои ду кишвар изҳор доштаанд, ки роҳандозии ҳаракати мусофирбарҳои Тошканд – Чимкент – Тошканд гоми аввал хоҳад буд ва онон барномарезӣ мекунанд, то байни дигар шаҳрҳои Узбакистон ва Қазоқистон низ хатсайри автобус роҳандозӣ кунанд.