Нишасти вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ дар Ню-Йорк, мубориза бо терроризм меҳвари музокирот
(last modified 2018-01-21T14:37:26+00:00 )
Январ 21, 2018 19:37 Asia/Dushanbe
  • Нишасти вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ дар Ню-Йорк, мубориза бо терроризм меҳвари музокирот

вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ дар Ню-Йорк дидор ва бар густариши ҳамкориҳои минтақаӣ ва мубориза бо терроризм таъкид карданд.

Дидори муназзами вазирони хориҷаи кишварҳои панҷгонаи Осиёи Марказӣ ва Амрико дар Ню-Йорк дар қолаби «C5+1» бидуни ҳузури вазири хориҷаи Туркманистон баргузор шуд .

Дар ин нишаст Ғайрат Абдурраҳмонов, вазири умури хориҷаи Қазоқистон,  Эрлан Абдилдоев, вазири умури хориҷаи Қирғизистон, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, Абдулазиз Комил‌ов, вазири хориҷаи Узбакистон, Оқ‌султон Атаева, намояндаи доимии Туркманистон дар Созмони милал ва Ҷон Сулливан, муовини вазири умури хориҷаи Амрико ҳузур доштанд .

Руасои вазоратхонаҳои умури хориҷа дар ин дидор дар бораи чашмандози ҳамкориҳои чандҷониба дар заминаҳои мухталиф, иҷрои тарҳҳои муштараки мабнӣ бар таҳкими ҳамкориҳои мутақобили табодули назар карданд .

Тарафайн ҳамчунин масоили муҳими минтақа аз ҷумла мубориза бо терроризм ва ифротгариро мавриди баррасӣ қарор дода ва бар мубориза бо ин падидаи шум таъкид карданд .