Бо мавзуи ҳамкориҳои транзитӣ/ Нишасти сеҷонибаи Узбакистон, Қирғизистон ва Чин дар Тошканд баргузор мешавад
(last modified 2018-01-21T15:30:06+00:00 )
Январ 21, 2018 20:30 Asia/Dushanbe
  • Бо мавзуи ҳамкориҳои транзитӣ/ Нишасти сеҷонибаи Узбакистон, Қирғизистон ва Чин дар Тошканд баргузор мешавад

Нишасти сеҷонибаи Узбакистон, Қирғизистон ва Чин дар мавриди иртибототи заминии байналмилалӣ дар Тошканд 24 то 25 январи соли равон баргузор мешавад.

Дар ин нишаст, ҳайъатҳои Вазорати ҳамлу нақли Чин, Вазорати ҳамлу нақли ҷоддаии Қирғизистон  ва Ожонсии ҳамлу нақли заминӣ ва дарёии Узбакистон ширкат мекунанд.

Тибқи барнома, дар торихи 23 январи соли равон нишастҳои дуҷонибаи Узбакистон Қирғизистон ва ҳамчунин Узбакистон Чин бо мавзуи чигунагии ҳамкорӣ дар интиқоли маҳмулаҳои борӣ баргузор мешавад .