Рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Ишқобод дар болотарин сатҳ созмондиҳӣ ва баргузор шавад
(last modified 2018-02-04T16:41:20+00:00 )
Феврал 04, 2018 21:41 Asia/Dushanbe
  • Рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Ишқобод дар болотарин сатҳ созмондиҳӣ ва баргузор шавад

Раисҷумҳури Туркманистон дар остонаи баргузарии рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Ишқобод бар аҳаммияти нақши таомулоти фарҳангӣ ва инсонӣ бо ҷумҳурии исломӣ таъкид кард.

Қурбонгулӣ Берди‌муҳаммадов, Раисҷумҳури Туркманистон дар остонаи баргузории рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Ишқобод гуфт: Таомулоти фарҳангӣ ва инсонӣ дар заминаи тақвияту густариши равобити ҳусни ҳамҷавории байни ду кишвар аз аҳаммияти хосе бархурдор аст .

Вай идома дод: Рӯзҳои фарҳангии ҷумҳурии исломии Эрон дар Ишқобод бояд дар болотарин сатҳ созмондиҳӣ ва баргузор шавад .

Берди‌муҳаммадов афзуд: Миллати туркману Эрон аз мерос, фарҳангу торихи дурахшоне бархурдор буда ва дар шаклгирӣ ва такмили мерос ва арзишҳои фарҳангӣ ва торихии умуми башарият саҳим буда ва саҳми арзанда дар ганҷинаи арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии башарият доранд .