Феврал 18, 2018 11:23 Asia/Dushanbe
  • Саҳми хонаводаи раҳбарони Осиёи марказӣ аз қудрат

Фарзандон ва хонаводаҳои раисони ҷумҳури кишварҳои Осиёи марказӣ, ки муддати тулонӣ дар сарварии қудрат ҳастанд, ағлаб бо касб намудани дараҷаҳои илмии нав аз як симат ва мансаб ба симати болотаре роҳ меёбанд.

Эмомалӣ Раҳмон- раиси ҷумҳури  Тоҷикистон аз соли 1992 дар ин ҷойгоҳ қарор дорад ва бо доштани 9 фарзанд бузургтарин хонаводаи раиси ҷумҳур дар Осиёи марказӣ аз они ӯст.

Раҳмон ахиран ба Озода- духтари калонии худ рутбаи мушовири давлатии додгустариро дод, ки болотарин рутба дар ниҳодҳои додгустарӣ ва додситонӣ аст.

Озода Раҳмони 38 сола аз соли 2016 раёсати Дастгоҳи раёсатb ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.

Вай дар соли 2012 аз рисолаи  худ дар дараҷаи доктории илм бо мавзӯи "Тавсеаи қонунҳо дар мавриди ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар Тоҷикистон" дифоъ кард.

Image Caption

Озода Раҳмон ҳамчунин дар симатҳои дипломатӣ низ фаъолият кардааст.

Ҷамолуддин Нуралиев  ҳамсари ӯ низ муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст.

Рустами Эмомалӣ- писари 29 солаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар соли 2017 шаҳрдори Душанбе шуд ва баъдан ба унвони намояндаи Маҷлиси шаҳрӣ интихоб гардид.

Вай пеш аз он раёсати гумрук ва ниҳоди зиддифасодро ба уҳда дошт.

Image Caption

 

Рухшона Раҳмон ҳам аз соли 2016 ба унвони муовини раиси равобити байналмиллали Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон фаолият мекунад.

Пеш аз ин вай дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Англия фаолият дошт.

Рухшона дар моҳи майи соли 2017 китоби худро бо номи "Асоси хадамоти дипломатӣ" рӯнамоӣ кард.

Ҳамсарони духтарҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва молии давлати Тоҷикистон дорои симат ҳастанд.

Нурсултон Назарбоев- раиси ҷумҳури Қазоқистон ҳатто беш аз Эмомалӣ Раҳмон бар сари қудрат аст.

Динора Кулибоева -духтари миёнии ӯ дар моҳи майи соли 2017 устоди донишгоҳи улуми омӯзишӣ шуд.

Дорига Назарбоева-духтари бузурги Назарбоев аз соли 2016 намояндаи Сенати Қазоқистон аст ва раёсати кумитаи Сенат дар умури байналмиллалӣ, дифоъ ва амниятро ба уҳда дорад.

Image Caption

 

Вай ки дараҷаи доктории улуми иқтисодӣ, сиёсӣ ва таърихиро дорад, ҳамчунин муовинати нахуствазири кишварро бар уҳда дорад.

Роҳат Алиев- шавҳари пешини Дорига Назарбоева низ муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллӣ буд.Бад аз он вай муовинати раиси хадамоти амниятии раиси ҷумҳури Қазоқистон, раёсати сафорати Қазоқистон дар Австрия ва муовини вазири умури хориҷаи ин кишварро ба уҳда дошт, аммо баъд аз иттифоқоти соли 2007 аз Дорига ҷудо шуд.

Мақомоти қазоқ борҳо ба давлати Австрия барои истирдоди Алиев муроҷиат кардаанд, аммо Вена аз истирдоди вай сарфи назар кард.

Парвандаи Алиев, ки ба кудато бар зидди давлати Қазоқистон муттаҳам шуда, сиррӣ мебошад.Вай мунтазири додгоҳ буд, ки дар 24 феврали соли 2015 мурда дар зиндон пайдо шуд. Мақомоти Австрия марги Алиевро худкушӣ хонданд.

Самад  Абиш- бародарзодаи Нурсултон Назарбоев-муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон мебошад ва дар майи 2017 аз дастҳои раиси ҷумҳури ин кишвар дарҷаи генералиро касб намуд.

Темур Кулибоев-шавҳари духтари дуввуми Назарбоев раёсати Созмони миллии фаолони иқтисодиро бар уҳда дорад.

Димаш Дасанов- шавҳари Алия Назарбоева духтари аз ҳама хурдии раиси ҷумҳури Қазоқистон дар соли 2016 ба симати мудири ширкати хатҳои лулаи нафти “Қазтранс айл” мансуб шуда буд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон бар асоси муддати раёсати кишвар дар Осиёи марказӣ баъд аз Назарбоев ва Раҳмон дар рутбаи севвум қарор дорад.

Писари Бердимуҳаммадов дар соли 2016 ба унвони намояндаи парлумон интихоб шуда ва дар ҳоли ҳозир раёсати Кумитаи парлумонӣ дар қонунгузориро ба уҳда дорад.

Image Caption

Писари раиси ҷумҳури Туркманистон пеш аз интихоб шудан дар парлумон дар вазоратхона ва ниҳодҳои давлатии дигар кор мекард.

Вай хатмкунандаи академияи дипломатии Маскав аст ва дар соли 2015 дараҷаи доктории улуми технекиро гирифт.

Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳури Ӯзбакистон ҳудуди як сол аст, ки руйи кор омадааст.

Image Caption

Бар асоси иттилооти бархе расонаҳо Ойбек Турсунов-домоди Мирзиёев ба симати муовини раиси Дастгоҳи раёсати Ҷумҳурии Ӯзбакистон мансуб шудааст.

Отабек Шохонов-шавҳари духтари хурдии Мирзиёев низ дар январи соли 2017 муовини аввали раиси хадамоти амниятии раиси ҷумҳур шуд.

Гулнора Каримова-духтари хабарсози Ислом Каримов раиси ҷумҳури пешини Ӯзбакистон низ дар замони ҳаёти падараш муовинати вазири умури хориҷаи ин кишварро ба уҳда дошт.

Image Caption

Қирғизистон дар тайи 27 соли истиқлол се раиси ҷумҳур иваз намуд ва  ҳамакнун Сооронбой Жеенбеков, раиси ҷумҳури чаҳоруми ин кишвар аст.

Аскар Оқоев- нахустин раиси ҷумҳури Қирғизистон дар натиҷаи инқилоби лолаӣ баъд аз интихоби писар ва духтараш ба унвони намояндагони парлумон дар соли 2015 аз кишвар фирор кард.

Вай дар ҳоли ҳозир дар Русия зиндагӣ мекунад.

Image Caption

 

Қурбонбек Боқиев-дуввумин раиси ҷумҳури Қирғизистон, ки писар ва бародари худро ба симатҳои баландпоя мансуб кард, дар соли 2010 дар пайи "инқилоби апрел" аз кишвар ронда шуд.

Вай дар ҳоли ҳозир ҳамроҳи хонаводааш дар Беларус зиндагӣ мекунад.

Image Caption

 

Ду бародари Соронбой Жеенбеков- раиси ҷумҳури феълии Қирғизистон дар ҳоли ҳозир симатҳои давлатии баландпояе доранд, аммо ҳардуи онҳо фаолияти кории худро чандин даҳа пеш оғоз карда буданд.

Image Caption

 

Алмосбек Отамбоев-раиси ҷумҳури севвуми Қирғизистон ҳеҷ узви наздики хонаводаи худро ба симатҳои баландпоя мансуб накард.

Image Caption