Феврал 19, 2018 17:34 Asia/Dushanbe
  • Боздошти намояндаи порлумони Қирғизистон дар Қазоқистон

Давлати Остона боздошти як намояндаи Маҷлиси миллии Қирғизистонро дар хоки Қазоқистон, таъйид кард.

Анвар Жайнаков, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Қазоқистон гуфт , Deimirbeyk Asil Beyk Eulo, намояндаи 37 солаи Маҷлиси миллӣ ва муовини аввали федерасиюни киштии Қирғизистон ба ҳамроҳи се тани дигар аз шаҳрвандони Қирғизистон дар хоки Қазоқистон боздошт шудаанд.

Ихтилофҳои марзии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро бояд муҳимтарин мироси ин кишварҳо аз низоми мутамаркази тасмимгирии коммунистӣ қаламдод кард .

Дар ҳақиқат, таъини ҳудуди марзии кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз гузашти 27 сол аз истиқлоли ин ҷумҳуриҳо ҳамчунон бидуни ҳал боқӣ мондааст.

Дар ин байн бояд гуфт, мушкилоти марзии Қазоқистон бо Қирғизистон сирфан ба аломатгузориҳои марзӣ ва дигар мушкилоти мушобеҳ маҳдуд намешавад. Дар моҳи октябри гузашта раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон, Қазоқистонро ба талош ба манзури мудохила дар интихобот ва қарор додани фарде вобаста дар раъси ҳокимияти Бишкек муттаҳам карда буд, аммо бо рӯи кор омадани раисиҷумҳури ҷадиди Қирғизистон дар ҷараёни интихоботи ахири н кишвар, ихтилофҳои мақомоти Қирғизистон ва Қазоқистон низ поён ёфта талаққӣ мешуд, аммо бо боздошти як намояндаи Маҷлиси миллии Қирғизистон, ба назар мерасад, ихтилофҳои дутараф ҳамчунон боқӣ аст.

Воқеъият  он аст, ки аз замони истиқлоли ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ Қафқоз дар соли 1991 милодӣ, сиёсатмадорони ҳоким бар ин ҷумҳуриҳо ба муҳимтарин мавонеи ҳамкориҳои мутақобил, яъне мавонеъ ва мушкилоти марзӣ пардохтанд .

Дар ҳамин пайванд, Deirdre Tynan, пажӯҳишгари Осиё Марказӣ мегуяд, дар тӯли як даҳаи гузашта, тамомии кишварҳои Осиёи Марказӣ даргири музокироти фишурда барои мушаххас кардани ҳудуди марзӣ худ будаанд.  Фароянде, ки оканда аз фишори тарафайн бар якдигар, муомилоти пушти парда, эҳсосоти миллӣ ва нигарониҳои марзӣ ва зист муҳитӣ буд. Ин масъала, ки бахше аз мушкилоти ба ҷо монда аз даврони Шуравӣ аст, ба сахтӣ ба самти ҳал шудан ҳаракат мекунад, дар ҳоле, ки ҳалли он метавонад таъсири мусбате бар рӯи минтақа дошта бошд.

Минтақаи Осиёи Марказӣ бо доштани масоҳате муодили се миллиону 994 ҳазору 400 километр мураббаъ ва ҷамъияте наздик ба 60 миллион нафар, аз шароити муносибе барои рушду тавсеаи иқтисодӣ бархӯрдор аст. Бо вуҷӯди ин, ихтилофотҳои марзии ин ҷумҳуриҳо ба дастовезе барои ҳузуру нуфӯзи бегонагон ба ин кишварҳо табдил шудааст.

Ҷуғрофиёи манотиқи марзии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ба далели марзҳои тӯлонӣ ва дар бархе маконҳо душворгузар будан, фоқиди контролҳои дақиқи марзӣ аст ва ба ҳамин иллат, тараддуди шаҳрвандони ин ҷумҳуриҳо ба кишварҳои якдигар амри оддӣ аст. Бо вуҷуди ин, тавофуқи мақомҳои ин кишварҳо ахиран монеи тараддуд бидуни муҷаввизи атбои ин кишварҳо шуда ва як қоидаи урфиро ба чолиш кашида аст.

 

Барчасп