Пешбинии сафари пурбори Мирзиёев ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 21 Feb 2018 09:26:59 GMT )
Феврал 21, 2018 14:26 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии сафари пурбори Мирзиёев ба Тоҷикистон

Пешбинӣ мешавад, сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон пурбор бошад.

Манбаъҳои ҳукуматии Тоҷикистон имрӯз бархе аз барномаҳои сафари раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистонро ифшо карданд, ки аз ҷумлаи онҳо имзои 20 санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар аст.

Як манбаи давлатӣ дар ин замина ба сомонаи “АП” хабар дода, гуфтааст, ки имзои созишномаи рафтуомади бидуни раводиди шаҳрвандони ду кишвар ба муддати як моҳ аз ҷумлаи ин санадҳои ҳамкорӣ аст.

Аз дигар мавориди муҳим дар ин сафар ҳаллу фасли комили масоили марзӣ аст. Ӯзбакистон ва Тоҷикистон 1333 километр марзи муштарак доранд, ки қисмати умдаи он аломатгузорӣ шудааст.

Бо ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев пас аз марги Ислом Каримов дар соли 2016 , ду ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбакистон ва Тоҷикистон раванди пуршитоби гармиро дар равобити ду кишвар дар пеш гирифтаанд. Нуқтаи авҷ ин раванд сафари расмии раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон дар чанд рӯзи оянда хоҳад буд.