Эътирози коршиноси рус ба иддаои полис дар бораи коргарони муҳоҷир
Коршиноси руси умури муҳоҷират иддаои як мақоми полиси шаҳри Маскав дар бораи тааррузи коргарони муҳоҷири узбакистонӣ, қирғизистонӣ ва тоҷикистонӣ ба занон дар пойтахти Русияро зери суол бурд.
Ба гузориш сайти "Грани.ru",Михаил Трубников, муовини полиси мубориза бо ҷурму ҷиноёти Маскав ахиран муддаӣ шудааст, ки 75 дарсади мавориди таарруз ба занон дар ин шаҳр бо коргарони муҳоҷири Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон муртабит аст.
Сергей Абашин, доктори улуми таърих ва аз равшанфикрони рус суханони ин мақоми полиси Маскавро ғайривоқеӣ хонда ва таъкид кард, ки бар асоси омори расмии Додситонии шаҳри Маскав, дар 7 моҳи гузашта 87 мавриди таарруз ба занон дар пойтахти Русия сабт шуда, ки дир муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 40 дарсад коҳишро нишон медиҳад.
Ин коршинос рус афзуд: "Ин омор дар шаҳре ҳамчун Маскав бо 15 миллион нафар ҷамъияти бумӣ ва чанд миллион коргари муҳоҷири хориҷӣ аҷиб ба назар намерасад".
Сергей Абашин гуфт: "Расонаҳои хабарӣ бидуни таҳлил ва баррасии натоиҷи ин омор, ба мавҷи муҳоҷирситезӣ ва эҷоди фазои танаффур нисбат ба коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ доман мезананд".
Ин коршиноси рус ҳадаф аз тарҳи ин гуна баҳсҳоро мунҳариф кардани афкори умумӣ аз мушкилоти дохилии Русия донист ва афзуд, ки ин гуна суханон ба фазои мусоламатомези зиндагии мардумони Русия бо коргарони заҳматкаши хориҷӣ зарба мезанад.