Мамнуъ шудани суҳбат ба забони русӣ дар кобинаи Қазоқистон
Феврал 27, 2018 22:13 Asia/Dushanbe
Раисҷумҳури Қазоқистон дар фармоне барои ҳимоят аз забон ва фарҳанги милли ин кишвар, сухан гуфтан ба забони русиро дар кобинаи Қазоқистон мамнуъ эълом кард.
Дастури Нурсултон Назарбоев дар бораи мамнуъ шудани гуфтугӯ ба забони русӣ дар ҷаласоти ҳайъати давлати ин кишвар дар ҳоле содир шудааст, ки бархе аз вазирони қазоқ, забони русиро ба қазоқӣ тарҷеҳ медиҳанд.
Дастури Раисҷумҳури Қазоқистон, ки рӯз душанбеи содир шуда буд, аз сешанбе ба иҷро даромад ва ҷаласаи кобинаи Қазоқистон барои нахустин бор ба забони қазоқӣ баргузор шуд.
Раҳбари 77 солаи Қазоқистон, ки аз 1989 дар раъси умури ин кишвар аст, дар суханрониҳои худ аз ҳар ду забони қазоқӣ ва русӣ истифода мекунад.