Баргузории марафони дучархасавории “Тошканд – Чимкенд”
Марафони дучархасавории “Тошканд – Чимкенд” бо ҳузури дучархасаворони Ӯзбакистон ва Қазоқистон баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин барнома ба ибтикори шаҳрдори шаҳри Чимкенди Қазоқистон ва бо ҳимояти сафорати ин кишвар дар Ӯзбакистон баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳияи ин марафони дучархасаворӣ Ерик Утембоев, сафири Қазоқистон дар Тошканд гуфт, баргузории ин марафони дучархасаворӣ дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни манотиқи марзии Ӯзбакистон ва Қазоқистон нақши муҳиме ифо мекунад.
Вай афзуд, равобити мардуми ду кишвар дар солҳои ахир афзоиши бесобиқае доштааст ва баргузории маросими мухталифи фарҳангӣ далолат бар ин воқеият дорад.
Утембоев хотирнишон кард, ин марафони дучархасаворӣ дар масири тавсеаи равобити дуҷониба байни Ӯзбакистон ва Қазоқистон, барои таъмини иҷрои “нақшаи роҳ” ва густариши беш аз пеши ҳамкориҳои варзишии ду кишвар баргузор шуд.
Дар марафони дучархасавории “Тошканд – Чимкенд” 111 дучархасавор аз Қазоқистон ва ҳудуди 40 дучархасавор аз Ӯзбакистон ҳузур доштанд, ки бояд масофати 130 километрро тай кунанд.