Август 30, 2016 16:40 Asia/Dushanbe
  • Интишори хабари даргузашти Ислом Каримов дар расонаҳои русӣ

Бархе расонаҳо аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон пас аз 26 соли такя задан бар маснади қудрат хабар медиҳанд.

Ба гузориши ИРНА, сайти русзабони "Фарғона.ру", ки аввалин бор хабари бистарӣ шудани раиси ҷумҳурии Узбакистон дар бемористонро мунташир карда буд, эълом кард, ки бо бенатиҷа мондани мароҳили дармонии Ислом Каримов, вай асри рӯзи душанбе даргузашт.

Агарчӣ эъломи даргузашти раиси ҷумҳурии Узбакистон дар расонаҳои русӣ, аз ҷумла шабакаҳои телевизионӣ низ бозтоб ёфта, вале давлати Узбакистон ҳанӯз ба сурати расмӣ хабаре дар ин замина мунташир накардааст.

Хабаргузории "СА-нюс" ба нақл аз манобеи бемористонӣ ва афроди наздик ба раиси ҷумҳурии Узбакистон навиштааст, ки даргузашти Каримов таъйид нашудааст.

Ҳамзамон, расонаҳои русӣ аз афзоиши тадобири амниятӣ дар шаҳри Тошканд хабар додаанд.

Шабакаи телевизионии "Лайф-нюс"-и Русия имрӯз эълом кард, ки тадобири амниятӣ дар Тошканд афзоиш ёфта ва гашти полис дар марокизи умумии пойтахт бештар шудааст.

Ожонси федералии ахбори сиёсии Русия низ ташдиди тадобири амниятиро дар пойтахти Узбакистон таъйид кардааст.

Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон рӯзи 27 август бо оризаи хунрезии мағзӣ дар бемористон бистарӣ шуда буд.

 

Барчасп