Ҳалокати фармондеҳи ӯзбакистонии ДИИШ дар Афғонистон + видео
Манобеи хабарӣ дирӯз аз ҳалокати Қорӣ Ҳикматуллоҳ, яке аз фармондеҳони аслии гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон хабар доданд.
Ба гузориши сомонаи ӯзбакии “Вести.уз”, ин фармондеҳи ДИИШ ба ҳамроҳи муҳофизаш дар ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини НАТО дар вилояти Форёб, шимоли Афғонистон, кушта шудааст.
Ин манбаи хабарӣ аслияти ин фармондеҳи гурӯҳи террористиро ӯзбакистонӣ дониста ва эълом кардааст, вай дар чанд гурӯҳи мазҳабӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои мазҳабии фаъол дар зодгоҳаш (Ӯзбакистон) узв будааст.
Бархе аз манобеи хабарӣ ҳам ба собиқаи фаъолияти фармондеҳи кушташудаи ДИИШ дар Афғонистон ва дар гурӯҳи Толибон ишора кардаанд.
Ҳамчунин эълом шудааст, Қорӣ Ҳикматуллоҳ масъулияти мустақими сарбозгирӣ аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ барои ДИИШ-ро бар ӯҳда доштааст.