Узбакистон тадобири амниятӣ дар марзи Қазоқистонро ташдид кард
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i334-Узбакистон_тадобири_амниятӣ_дар_марзи_Қазоқистонро_ташдид_кард
Узбакистон дар пайи ҳамалоти террористии рӯзи гузашта дар кишвари ҳамсояи шимолиаш-Қазоқистон, тадобири амниятии вижаеро дар фурӯдгоҳҳо ва марзҳои муштаракаш бо ин кишвар барқарор кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 19, 2016 07:12 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон тадобири амниятӣ дар марзи Қазоқистонро ташдид кард

Узбакистон дар пайи ҳамалоти террористии рӯзи гузашта дар кишвари ҳамсояи шимолиаш-Қазоқистон, тадобири амниятии вижаеро дар фурӯдгоҳҳо ва марзҳои муштаракаш бо ин кишвар барқарор кардааст.

Пас аз ҳаводиси рӯзи гузашта дар Алмаато, Узбакистон тадобири амниятиро дар фурӯдгоҳҳо ва манотиқи марзиаш бо Қазоқистон ташдид кард.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", намояндаи Кумитаи ҳифозат аз марзҳои давлатии Узбакистон, вобаста ба Хадамоти амнияти миллии ин кишвар эълом кард: "Дар пайи тирандозиҳои рӯзи гузашта дар Алмаато, марзбонони Узбакистон зимни табодули иттилоот бо ҳамкорони қазоқи худ, назорат ва контрол бар марзҳоро ташдид карданд.

Дирӯз афроди мусаллаҳ дар шаҳри Алмаато ба маркази полис ҳамла карданд, ки дар натиҷаи ин ҳамла 3 корманди полис ва як шаҳрванди ғайринизомӣ кушта шуданд.

Дар пайи ин амалиёти террористӣ аз рӯзи гузашта дар Алмаато вазъият "қирмиз" эълом шудааст.

Узбакистон ва Қазоқистон 2 ҳазору 203 километр марзи муштарак доранд.