Сентябр 03, 2016 11:22 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди расмии даргузашти раиси ҷумҳурии Узбакистон

Давлати Узбакистон ба таври расмӣ хабари даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии ин кишварро эълом кард.

Ба гузориши "Фарғона.ру", давлати Узбакистон рӯзи ҷумъа эълом кард, раиси ҷумҳурии ин кишвар дар синни 78 солагӣ пас аз чанд рӯзи бистарӣ шудан дар бемористон, ба далели хунрезии мағзӣ даргузаштааст.

Бар асоси ин гузориш, парвозҳои фурӯдгоҳи шаҳри Самарқанд дар Узбакистон ба унвони зодгоҳи Каримов, рӯзи шанбе фақат барои парвози ҳавопаймоҳои дорои муҷаввизи вижа боз аст.

Дар пайи даргузашти Ислом Каримов се рӯз азои умумӣ дар Узбакистон эълом ва Неъматуллоҳ Юлдошев, раиси Маҷлиси миллии Узбакистон ба унвони кафили раёсати ҷумҳурии ин кишвар таъйин шуд. 

Як мақоми давлатии Узбакистон эълом кард, интиқоли ҷасади Ислом Каримов аз Тошканд ба Самарқанд, аз фурӯдгоҳи Тошканд анҷом хоҳад шуд.

Ислом Каримов соли 1983 вазири иқтисоди Узбакистони Шӯравӣ ва сипас соли 1986 ноиби раиси Шӯрои вазирон ва раиси Идораи барномарезии давлатии Узбакистон шуд. Каримов, ки аз соли 1989 дабири аввали Ҳизби коммунисти Узбакистон ва сипас 24 марти соли 1990 ба унвони раиси ҷумҳурӣ интихоб шуд, соли 1991 истиқлоли ин ҷумҳуриро аз Иттиҳоди Шӯравӣ эълом кард.