Талоши Қазоқистон барои табдил шудан ба маркази илмӣ-омӯзишии Осиёи Марказӣ
(last modified Thu, 28 Jun 2018 12:17:46 GMT )
Июн 28, 2018 17:17 Asia/Dushanbe
  • Талоши Қазоқистон барои табдил шудан ба маркази илмӣ-омӯзишии Осиёи Марказӣ

Раиси Маркази барномаҳои байналмилалии вазорати омӯзиши Қазоқистон гуфт, ин кишвар дар оянда ба маркази омӯзишии Осиёи Марказӣ табдил мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҷанболот Милдишиев бо ишора ба фаъолияти ин ниҳод изҳор дошт, дар ҳоли ҳозир ҳамаи талошҳои барои муаррифии Қазоқистон ба унвони маркази таҳсили Осиёи Марказӣ бо афзоиши кумакҳои молӣ ба донишҷӯёни кишварҳои дигар, тавсеаи системаи омӯзишӣ ва ҳамоҳангиҳои байни давлатӣ анҷом мешавад.

Милдишиев афзуд, дар чорчӯби ҳамкориҳо бо давлатҳои кишварҳои минтақа, ҳаҷми бурсияҳо дубаробар афзоиш ёфтааст ва дар оянда низ рӯ ба рушд хоҳад буд.

Ин мақом тасреҳ кард, ҳамчунин аз сӯи вазорати омӯзиши Қазоқистон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин намоишгоҳҳое барои муаррифии донишгоҳҳои кишвар баргузор мешавад.

Вай теъдоди донишҷӯёни муқими ин кишварро 14 ҳазор нафар эълом кард, ки дар тирамоҳи соли ҷорӣ ба 20 ҳазор нафар афзоиш меёбад.

Милдишиев афзоиши теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳҳои Қазоқистонро барои тавсеаи барномаҳо ва ҷазби беҳтарин асотиди ҷаҳон зарурӣ хонд ва гуфт, яке аз аҳдофи ниҳодҳои давлатӣ ва донишгоҳҳо, афзоиши теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ то 50 ҳазор нафар то соли 2025 аст.

Раиси Маркази барномаҳои байналмилалии вазорати омӯзиши Қазоқистон ҳамчунин хабар дод, қарор аст, шӯъбаҳои донишгоҳҳои шинохта шудаи ҷаҳон дар Қазоқистон ифтитоҳ шавад ва шаҳрвандони Чин, Ҳинд ва дигар кишварҳо барои дарёфти мадраки донишгоҳӣ вориди ин кишвар мешаванд.