Сентябр 23, 2018 12:53 Asia/Dushanbe
  • Иҷборишудани омӯзиши секуларизм ба руҳониёни Қирғизистон

Идораи маънавиёти мусулмонон ва Комиссиюни давлатии умури мазҳабии Қирғизистон эълом кардааст дар озмуни нави тамдиди салоҳияти мазҳабии руҳониёни қирғиз, ки дар моҳи октябр баргузор мешавад гузарондани давраҳои омӯзиши секулар низ лиҳоз шудааст.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, бар асоси маншури нави идораи маънавии мусулмонони Қирғизистон, раисони муъассисаҳои мазҳабӣ маҷбур ба гузарондани омӯзишҳои мазҳабӣ ва секулар ҳастанд.

Дар солҳои ахир ва бо зуҳури зимзимаҳое аз бозгашти ДИИШ ба шимоли Афғонистон ва барномаҳои ин гуруҳи такфирии террористӣ барои Осиёи марказӣ, мавҷи наве аз муҳофизакорӣ дар миёни мақомоти қирғиз дар ин бора ба вуҷуд омадааст.

Бар ҳамин асос, Комиссиюни давлатии умури мазҳабии Қирғизистон тасмим гирифтааст, то дубора фароянди тамдиди салоҳияти мазҳабии имомони ҷамоати ин кишварро баргузор кунад.

Идораи маънавиёти мусулмонони Қирғизистон ва Коимссюни давлатии умури мазҳабӣ, ду ниҳоди давлатӣ барои иҷрои фарояндҳои давлатикардани дин ва контроли гироишҳои исломгароёна дар ин кишвар ба ҳисоб меоянд.

Таъиди салоҳиятҳо ва назорат бар тамомии ниҳодҳои мазҳабӣ шомили муъассисаҳо, мадрасаҳои мазҳабӣ ва масҷидҳо бар уҳдаи ин ду ниҳод аст.