Мушорикати Қазоқистон ва Узбакистон дар сохти моҳвора
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i38294-Мушорикати_Қазоқистон_ва_Узбакистон_дар_сохти_моҳвора
Вазорати дифои Қазоқистон аз ҳамкории ин кишвар бо Узбакистон дар заминаи сохти моҳвора барои ироаи хадамот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 24, 2018 15:33 Asia/Dushanbe
  • Мушорикати Қазоқистон ва Узбакистон дар сохти моҳвора

Вазорати дифои Қазоқистон аз ҳамкории ин кишвар бо Узбакистон дар заминаи сохти моҳвора барои ироаи хадамот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дод.

Вазорат эълом кард: Остона ва Тошканд барномаҳои муштараке аз ҷумла сохти муштараки моҳвораро барои оянда дар дастури кор доранд.

Пештар Асланбек Сейрланов, раиси департменти ҳамкориҳои фаннӣ ва низомии байналмилалии Қазоқистон гуфта буд, ки ин моҳвора қодир хоҳад буд, то илова бар Узбакистон ва Қазоқистон, ба дигар кишварҳои минтақа хадамот бидиҳад.