Интиқоди Назарбоев аз сиёсатҳои Трамп
(last modified Thu, 15 Nov 2018 08:03:28 GMT )
Ноябр 15, 2018 13:03 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Назарбоев аз сиёсатҳои Трамп

Раисҷумҳури Қазоқистон сиёсатҳои таҳоҷумии раисҷумҳури Амрикоро таҳдиде ҷиддӣ барои иқтисод, амният ва суботи ҷаҳонӣ хонд.

Ба гузориши ИРНА, Нурсултон Назарбоев рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ҷанги тиҷорӣ, ки Доналд Трамп зидди дигар кишварҳо, ба вижа Чин ба роҳ андохтааст, натиҷае ҷуз заиф кардани иқтисоди ҷаҳонӣ ва густариши ифротгароӣ ва фаъолиятҳои террористӣ нахоҳад дошт.

Раисҷумҳури Қазоқистон кишварҳои дар ҳоли тавсеаро аслитарин зиёндидагони сиёсатҳои таҳоҷумии Амрико хонд ва муқобила бо таҳдидоти Амрико алайҳи тиҷорати ҷаҳонӣ аз тариқи ислоҳот дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳониро зарурӣ донист.

Назарбоев фақр ва бекориро аз далелҳои тақвияти терроризм, муҳоҷират ва ҷудоиталабӣ хонд ва хотирнишон кард, чунин вазъияте дар Афғонистон рух дода ва ҷанг дар ин кишвар натоиҷе монанди қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва ифротгароӣ доштааст.