Декабр 05, 2018 12:01 Asia/Dushanbe
  • Қазоқҳо як севуми соли ояндаро ба таътилот мераванд

Мардуми Қазоқистон дар соли оянда 120 рӯз таътил доранд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, бештарин рӯзҳои таътил дар ин кишвар ба моҳи март ва декабри соли оянда муртабит аст.

Ба ин тартиб, сокинони Қазоқистон дар моҳи марти соли оянда 14 рӯз ва декабр 12 рӯз таътил доранд.

Дар моҳи январи соли оянда қазоқҳо 11 рӯз дар феврал, апрел ва октябр дар маҷмуъ 8 рӯз, дар июн ва август 10 рӯз ва июл, сентябр ва ноябр 9 рӯз таътил ҳастанд.

Рӯзҳои ҷашн дар Қазоқистон таътили расмӣ аст ва дар сурати ҳамзамонии он бо рӯзҳои таътили шанбе ва якшанбеи рӯзи баъд аз ҷашн низ таътил эълом мешавад.