Иҷрои тарҳи раводиди муштараки “Роҳи Абрешим” аз сӯйи Узбакистон ва Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i40367-Иҷрои_тарҳи_раводиди_муштараки_Роҳи_Абрешим_аз_сӯйи_Узбакистон_ва_Қазоқистон
Муовини раиси Кумитаи гардишгарии Узбакистон аз иҷрои тарҳи виза ё раводиди муштараки “Роҳи Абрешим” байни ин кишвар ва Қазоқистон хабар дод.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Декабр 22, 2018 08:46 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои тарҳи раводиди муштараки “Роҳи Абрешим” аз сӯйи Узбакистон ва Қазоқистон

Муовини раиси Кумитаи гардишгарии Узбакистон аз иҷрои тарҳи виза ё раводиди муштараки “Роҳи Абрешим” байни ин кишвар ва Қазоқистон хабар дод.

Қосим Хоҷаев рӯзи ҷумъа эълом кард, Тошканд ва Остона дар моҳи феврали соли 2019 тарҳи раводиди муштараки “Роҳи Абрешим” - ро амалӣ мекунанд.

Муовини раиси Кумитаи гардишгарии Узбакистон бо баёни ин ки тарҳи раводиди муштарак аз қаламрави Осиёи Марказӣ фаротар меравад, афзуд, Қазоқистон ворид кардани Туркия ва ҷумҳурии Озарбойҷон ба ин тарҳро хостор аст.

Хоҷаев таъкид кард, Узбакистон ҳамчунин барномарезӣ кардааст, дар ояндаи наздик барои 22 кишвар низоми бидуни раводидро иҷро кунад.

Ҳамакнун шаҳрвандони 18 кишвар метавонанд бидуни раводид ба Узбакистон сафар кунанд.