Сентябр 14, 2016 11:37 Asia/Dushanbe
  • Барканорӣ ва ба вазифаи дигар гузаронидани духтари раиси ҷумҳурии Қазоқистон

Дарига Назарбоева, духтари раиси ҷумҳурии Қазоқистон аз симмати муовини нахуствазирӣ барканор шуд.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи хабаргузории донишҷуёни Эрон (ИСНА), бар асоси аҳкоми содира аз сӯйи Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, духтари вай ба номи Дарига Назарбоева дигар симмати муовини нахуствазирро дар ин давлат надорад.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон духтари бузургаш Дарига Назарбоеваро вакил ё узви сенат, палатаи болоии порлумон таъин кард.

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон бо таъйини Карим Масимов, нахуствазири собиқ ба унвони раиси Кумитаи амнияти миллӣ мувофиқат карда ва муовини собиқи нахуствазир ба номи Бекитҷон Сагинтоев, ба унвони нахуствазири ҷадид мансуб шудааст.

Ҳамчунин Аскар Момин, раиси собиқи ширкати роҳи оҳани миллии Қазоқистон низ ба унвони муовини аввали нахуствазир мансуб шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Нурсултон Назарбоев ҳамчунин дар пайи иваз кардани нахуствазир, ба кабинаи вазирон тағйирот ворид намуда, вазири дифоъ Имонгалӣ Тошмагамбетовро ноиби нахуствазир таъйин кардааст. Ноиби ӯ Сакен Жасузаков вазири дифоъ таъйин шуд. Вазири адлия Берик Имашев раиси Комиссияи марказии интихобот ва ноиби раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ Марат Бекетаев вазири адлия таъйин шуданд.

Дарига Назарбоева аз сентябри соли 2015 то кунун муовини нахуствазир буд.

 

Барчасп