Сенати Қазоқистон тавофуқномаи иқомат бо Тоҷикистонро тасвиб кард
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i41031-Сенати_Қазоқистон_тавофуқномаи_иқомат_бо_Тоҷикистонро_тасвиб_кард
Сенати Қазоқистон тавофуқномаи байнидавлатӣ бо Тоҷикистон дар заминаи иқомати шаҳрвандони ҳар ду тараф дар кишварҳои якдигарро тасвиб кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 17, 2019 16:11 Asia/Dushanbe
  • Сенати Қазоқистон тавофуқномаи иқомат бо Тоҷикистонро тасвиб кард

Сенати Қазоқистон тавофуқномаи байнидавлатӣ бо Тоҷикистон дар заминаи иқомати шаҳрвандони ҳар ду тараф дар кишварҳои якдигарро тасвиб кард.

Сенати Қазоқистон тавофуқномаи байнидавлатӣ бо Тоҷикистон дар заминаи иқомати шаҳрвандони ҳар ду тараф дар кишварҳои якдигарро тасвиб ва барои имзо ба раисиҷумҳури ин кишвар, мунтақил кард.

Бино бар ин санад, шаҳрвандони Қазоқистон ва Тоҷикистон имкони иқомати бидуни сабти ном дар кишварҳои якдигар ба муддати 30 рӯзро бадаст оварданд.

Ин санад ҳамчунин иҷоза медиҳад, то шаҳрвандони ду кишвар баъд аз убур аз марзи давлатӣ ва сабти ном дар кишварҳои якдигар, то 90 рӯз иқомат дошта бошанд.

Тавофуқномаи мазкур ва протоколи иҷроӣ дар 14 марти соли 2018 милодӣ дар пойтахти Қазоқистон ба имзо расида ва мароҳили шиносоӣ ва бозгашти афроде, ки шароити вуруд ё иқомат дар қаламрави кишварҳои якдигарро нақз мекунанд, фароҳам мекунад.

Ин даста шомили афроде аст, ки ба таври ғайри қонунӣ ё ба сурати қонунӣ ворид шуданд, аммо баъд аз поёни иҷозаи иқомат, кишварро тарк накарданд.

Назорат бар иҷрои ин тавофуқнома бар ӯҳдаи вазорати кишвари Қазоқистон гузошта шудааст.

Бино ба суханони Қулмуҳанбет Қосимов, вазири кишвари Қазоқистон, тасвиби санади мазкур, имкони эҷоди шароити муносиб барои табодули иттилоот дар заминаи ҳаллу фасли масоили марбут ба муҳоҷиратро фароҳам мекунад.

Пеш аз ин шаҳрвандони ду кишвар танҳо ба муддати 5 рӯз иҷозаи иқомати бидуни сабти номро дар Тоҷикистон ва Қазоқистон доштанд.

Қазоқистон ҳамчунин қасд дорад тавофуқномаҳои мушобеҳе бо кишварҳои Русия, Озарбойҷон, Туркманистон, Қирғизистон, Арманистон ва Гурҷистон ба имзо бирасонад.