Ҳадияи 8 миллион долларии Алишери Усмонов ба Маркази тамаддуни исломии Узбакистон +akc
(last modified 2019-01-23T06:54:15+00:00 )
Январ 23, 2019 11:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳадияи 8 миллион долларии Алишери Усмонов ба Маркази тамаддуни исломии Узбакистон +akc

Алишер Усмонов, миллиардери узбакистонитабори муқими Русия, калексионе шомили 4923 китоби нодирро ба унвони ҳадияи шахсӣ дар ихтиёри Маркази тамаддуни исломии Узбакистон қарор дод.

Ин матлабро Шоҳазим Мунавваров раиси Маркази тамаддуни исломии Узбакистон дар суҳбат бо Агенти миллии хабарии ин кишвар баён карда ва афзудааст арзиши кулли ин китобҳо 8 миллион доллар баровард шудааст.

Ба гуфтаи Мунавваров китобҳои эҳдоии Усмонов шомили китобҳое ба забонҳои латин, англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ аст, ки дар қарни 13 мунташир шудааст. Муҳтавои ин китобҳо асосан дар мавриди таъсири тамаддуни исломӣ ва шарқӣ ба Аврупо аст.

Гуфта мешавад аз ҷумла китобҳои эҳдошуда ба маркази Тамаддуни исломии Узбакистон, "Алқонун фил тиб"-и Абу Али Сино пизишк ва донишманди бузурги форсизабон аст.

Алишер Усмонов, ки зодаи вилояти Намангони Узбакистон аст рӯзи 20 декабри 2018 дар мусоҳиба бо нашрияи Фурбис эълом кард, ки даромади ҳосила аз фуруши тими футболи Арсенали Англисро барои роҳандозии прожаҳои иқтисодӣ ва фарҳангии Узбакистон ва аз ҷумла Маркази тамаддуни исломӣ дар Тошканд ихтисос додааст.

Ин сармоядори маъруф ҳамон замон гуфта буд, ки 100 миллион доллар дар ҷиҳати рушди Маркази тамаддуни исломии Узбакистон ҳазина кардааст.

Алишер Усмонов дар даврони зимомдории зиддидиниии Ислом Каримов раиси ҷумҳури пешини Узбакистон маҷбур ба тарки кишвари худ шуд, аммо бо руи кор омадани Шавкат Мирзиёев равобити хубе бо ҳукумати Узбакистон барқарор кардааст.