Феврал 18, 2019 09:41 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди яхдон месозад

Ширкати узбакистонии «Артел» қарор аст дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди яхдон бисозад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Таҷвик, Фаррух Ҳамроализода, раиси Кумитаи давлатии идораи амвол ва сармоягузории Тоҷикистон гуфтааст, ки мақомоти ду кишвар дар ҳоли расидан ба тавофуқи ниҳоӣ дар бораи сохти корхонаи тавлиди яхдон аз сӯи ширкати ёдшудаи узбакистонӣ дар шаҳри Душанбе ҳастанд.

Вай таъкид кардааст, ки яхдонҳои тавлидии ширкати узбакистонии «Артел» дар Тоҷикистон аз ҷойгоҳи матлубе бархурдоранд ва мақомоти Тошканд барои сохти ин корхона дар Тоҷикистон мувофиқат кардаанд. Аз ин рӯ, созишномаи сохти ин корхона дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст ва интизор меравад, ки дар соли ҷорӣ бунёди ин маркази саноатӣ оғоз шавад.

Ин дар ҳолест, ки дар даврони Шӯравӣ дар шаҳри Душанбе корхонаи тавлиди яхдонҳои мавсум ба «Помир» фаъолият мекард, ки маҳсулоти он ба 36 кишвари ҷаҳон содир мешуд ва 5 ҳазор нафар низ дар ин маркази саноатӣ машғул ба кор буданд. Аммо бо истиқлоли Тоҷикистон ва вогузории ин корхона ба бахши хусусӣ акнун аз он танҳо як сохтмони нимахароб боқӣ монда ва ҳеҷ яхдоне дигар тавлид намешавад.

Акнун ба назар мерасад, ки бо беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Узбакистон тайи ду соли ахир тарафи Душанбе талош мекунад, ки бо кумаки кишвари ҳамсоя корхонаи тавлиди яхдонро пас аз 27 сол дубора роҳандозӣ кунад.

 

Барчасп