Тахлияи шуморе аз ошхонаҳои Алмаато дар пайи таҳдид ба бомбгузорӣ
Дар пайи интишори овозаи бомбгузорӣ теъдоде аз ошхонаҳои шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба дастури мақомоти ин кишвар тахлия шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар пайи интишори овозае дар мавриди бомбгузорӣ теъдоде аз ошхонаҳои шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба дастури мақомоти ин кишвар тахлия шуд.
Бинобар иттилооти дарёфтӣ, як фарди ношинос бо тамос бо пулис дар мавриди бомбгузорӣ дар бархе ошхонаҳои шаҳри Алмаато хабар дод, аммо аз ироаи нишонии дақиқ худдорӣ кард.
Мақомоти зирабти қазоқ ба ошхонаҳои мухталифи шаҳр эъзом шуданд.
Мақомот баъд аз тахлия ва бозрасии бархеҳо бо радди иттилоот дар мавриди вуҷуди бомб эълом карданд, ки ҳеҷ далеле барои тарсу нигаронӣ вуҷуд надорад. Ҳамчунин дар мавриди шоеаи бомбгузорӣ дар хиёбони Алфоробӣ метавон гуфт, ки баъд аз бозрасии ин маҳалла дар он ҷо низ ҳеҷ бомбе ёфт нашуд.