Талоши Отамбоев барои ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2020
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i41983-Талоши_Отамбоев_барои_ширкат_дар_интихоботи_парлумонии_соли_2020
Узви Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон аз қасди Алмосбек Отамбоев, раиси ин ҳизб дар интихоботи парлумонии ояндаи ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 25, 2019 11:05 Asia/Dushanbe
  • Талоши Отамбоев барои ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2020

Узви Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон аз қасди Алмосбек Отамбоев, раиси ин ҳизб дар интихоботи парлумонии ояндаи ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Асал Кодоранова, узви ҲСДҚ дар як нишасти хабарӣ эълом кард, Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури собиқи ин кишвар  дар садри феҳрасти номзадҳои Ҳизби сотсиал-демократ дар интихоботи парлумонии соли 2020 қарор хоҳад дошт.

Ин дар ҳолест, ки Отамбоев ду сол пеш гуфта буд, пас аз тарки раёсатҷумҳурӣ ӯ дар сиёсат дахолат нахоҳад кард.