Вазири умури хориҷии Узбакистон бо мушовири вазири умури хориҷии Қатар дидор кард
(last modified 2019-03-05T08:38:11+00:00 )
Март 05, 2019 13:38 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷии Узбакистон бо мушовири вазири умури хориҷии Қатар дидор кард

Вазири умури хориҷии Узбакистон дар Доҳа, пойтахти Қатар бо мушовири вазири умури хориҷии ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон дар Доҳа, пойтахти Қатар бо Султон ибни Саъд Алмариҳӣ, мушовири вазири умури хориҷии ин кишвар дидору гуфтугӯ кард. Дар ин дидор чигунагӣ ва чашмандози густариши беш аз пеши ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамчунин бархе масоили байналмилалӣ ва минтақаӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тарафайн аз натоиҷи тамосҳои анҷомгирифтаи байни вазоратҳои умури хориҷии ду кишвар, ки имкони тамаркуз бар ҳамкориҳои авалавиятдор ва баррасии қарордодҳои дуҷонибаро фароҳам карда, истиқбол карданд. Тарафайн ҳамчунин дар бораи баргузории нахустин нишасти Комиссияи муштараки байнидавлатӣ дар мавриди ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ, илмӣ ва фаннӣ дар шаҳри Тошканд низ табодул назар карданд.

Фаъолиятҳои Қатар ва Арабистон дар Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистону Узбакистон, ки дорои пешинаи мазҳабӣ ҳастанд, фақат ба равобити иқтисодӣ мунҷар намешавад. Ин кишвар бо таваҷҷуҳ ба сарвате, ки дар ихтиёр дорад, дар дигар бахшҳои асосии ин кишварҳо нуфуз карда ва аҳдофи махфии худро дунбол мекунанд.

Бар асоси гузориши Вазорати умури хориҷии Узбакистон, Қатар дар таърихи 27 ноябри соли 1997 бо Узбакистон равобити дипломатӣ барқарор кардааст.