Генерали қирғиз: Амрико аз ҷангталабони Афғонистон ҳимоят мекунад
(last modified 2019-03-06T07:32:08+00:00 )
Март 06, 2019 12:32 Asia/Dushanbe
  • Генерали қирғиз: Амрико аз ҷангталабони Афғонистон ҳимоят мекунад

Раиси собиқи Хадамоти истихборотии Қирғизистон мегуяд, гуруҳҳои ҷангҷу (террористҳо) дар Афғонистон таҳти ҳмояти Амрико ҳастанд ва аз сӯи ин кишвар тақвият мешаванд.

Ба нақл аз нашрияи Вечирная Бишкек генерал Малик Ҷумъагулов аз низомиёни баландпояи қирғиз дар мизигирди сиёсӣ дар Бишкек афзуд: ахиран бо кумаки амрикоиҳо фармондеҳи аслии ҷангҷӯёни ифротии хориҷӣ дар Афғонистон аз зиндон озод шуд, ки ин ба маънои афзоиши таҳдид барои кишварҳои Осиёи марказӣ аст.

Вай таъкид кардааст, ки дар чунин шароите табиӣ аст, ки кишварҳои Тоҷикистон ва Туркманистон беш аз пеш нигарон бошанд.

Раиси пешини Хадамоти истихборотии Қирғизистон дар айни ҳол гуфт нигаронии дигар мақомоти ин кишварҳо аз фаол шудани ҳастаҳои хомуши ифротгароён дар дохили кишварҳои Осиёи марказӣ аст, ки мунтазири фароҳам шудани шароит ҳастанд.

 

Барчасп