Сентябр 15, 2016 16:35 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай

Размоиши муштараки кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, мавсум ба "Маъмурияти сулҳ- 2016" имрӯз дар Қирғизистон оғоз шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, дар ин размоиш нерӯҳои низомии Чин, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Русия ҳузур доранд.

 Ҳадаф аз ин размоиш эҷоди ҳамоҳангӣ миёни нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони Шанхай ва иҷрои амалиёти муштараки зидди террористӣ, кумак ба афзоиши омодагӣ дар раҳбарии амалиёт, афзоиши тавони низомӣ ва молии аъзои Шанхай дар мубориза бо терроризм ва низ афзоиши таҷрибаи омӯзиши муштараки кишварҳои узв дар манотиқи кӯҳистонӣ эълом шудааст.

 Созмони ҳамкории Шанхай размоиши зиддитеррористии "Маъмурияти сулҳ-2016"-ро ҳар ду сол якбор бо ширкати кишварҳои узви худ баргузор мекунад.

Ин размоиш низ бо таваҷҷуҳ ба тавсеаталабиҳои сиёсӣ ва низомии Амрико дар минтақа ва низ афзоиши таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ аҳамияти вижае дорад.

 

Барчасп