Аскар Акаев: Терроризм абзори сиёсии Амрикост
(last modified Fri, 16 Sep 2016 13:01:10 GMT )
Сентябр 16, 2016 18:01 Asia/Dushanbe
  • Аскар Акаев: Терроризм абзори сиёсии Амрикост

Раиси ҷумҳурии пешини Қирғизистон гуфт, Амрико терроризмро ба абзоре сиёсӣ барои мудохила дар Осиёи Марказӣ табдил кардааст.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Аскар Акаев гуфт, Амрико аз амалиёти 15 солаи худ дар Афғонистон ба баҳонаи аз миён бурдани гурӯҳи Алқоида ва дар раъси он Усома бин Лодан, ба унвони муқаддимае барои тавсеаи нуфузаш дар Осиёи Марказӣ ва ҳалли мушкилоти геополитикии худаш истифода кардааст.

Ин мақоми собиқи Қирғизистон гуфт, Вашингтон ба баҳонаи мубориза алайҳи терроризм қасд дорад мавқеияти худро дар минтақаи стратегии Осиёи Марказӣ тақвият кунад.

Акаев бо баёни ин ки Амрико бо эҷоди пойгоҳҳои низомӣ дар Қирғизистон ва Узбакистон қасд дошт аҳдофи худро дар ин минтақа иҷро кунад, афзуд: "Қасди Кохи Сафед нобуд кардани террористҳо набуд, балки Вашингтон дар бархе манотиқ, ки мехост аҳдофи геополитикии худро пайгирӣ кунад, ҳатто аз террористҳо ҳимоят мекард".

Ба гуфтаи вай, Амрико бо эҷоди пойгоҳи низомӣ дар Қирғизистон дар назар дошт то аз Русия, Чин ва Ҳинд ҷосусӣ кунад ва монеи интиқоли нафт аз халиҷи Форс ба Чин шавад.

Раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистон афзуд: "Инфиҷори 11-уми сентябри соли 2001 танҳо баҳонае барои мубориза алайҳи терроризм буд, зеро ҳомиёни ин иқдоми террористӣ шаҳрвандони Афғонистон набуданд, балки Арабистони Саудӣ муттаҳиди шумораи яки Амрико дар Ховари Миёна буд".