Сентябр 16, 2016 18:34 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии ду номзади раёсати ҷумҳурии Узбакистон

Ситоди марказии интихоботи Узбакистон аз муаррифии ду номзади раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи ояндаи ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", бар асоси гузориши Ситоди марказии интихоботи Узбакистон, аъзои Шӯрои сиёсии Ҳизби либерал-демократи ин кишвар Шавкат Мирзиёевро ба унвони номзади раёсати ҷумҳурии Узбакистон муаррифӣ кардаанд.

Вай то эъломи натоиҷи интихобот симмати кафили раёсати ҷумҳурии ин кишварро бар ӯҳда хоҳад дошт.

Ҳамчунин намояндагони Ҳизби демократи Узбакистон дар ҷаласаи худ Сарвар Отамуродов, раиси ин ҳизбро ба унвони номзади раёсати ҷумҳурии Узбакистон муаррифӣ карданд.

Бар асоси қонуни интихоботи Узбакистон, фақат аҳзоби сиёсии ин кишвар аз ҳаққи пешниҳоди номзадҳо барои раёсати ҷумҳурӣ бархурдор ҳастанд ва онҳо метавонанд номзадро аз таркиби аъзои ҳизби худ ва ё аҳзоби дигар муаррифӣ кунанд.

Дар Узбакистон 4 ҳизби сиёсӣ, аз ҷумла Ҳизби либерал-демократи Узбакистон, Ҳизби демократи Узбакистон, Ҳизби демократи халқи Узбакистон ва Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" фаъолият мекунанд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбакистон рӯзи якшанбеи 4-уми декабр баргузор хоҳад шуд.

 

Барчасп