Нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Узбакистон дар Тирмиз
Дар нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Тирмиз, маркази вилояти Сурхондарё, ба раёсати нахуствазирони ду кишвар роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуд.
Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин нишаст, ки ба раёсати Қоҳир Расулзода ва Абдуллоҳ Орифов, нахуствазирони Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шуд, дар бораи сатҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар ва зарурати тақвияти муносиботи Душанбе ва Тошканд баҳсу табодули назар шуд.
Тарафҳо дар ин нишаст бар зарурати густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Узбакистон дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, сармоягузории муштарак, ҳамлу нақл, обу энержӣ, кишоварзӣ, гардишгарӣ ва фарҳангиву ҳунарӣ таъкид карданд.
Ҳамчунин бар сари роҳҳои густариши равобити тиҷорӣ, сохти корхонаҳои муштараки тавлидӣ бо сармояи бахшҳои хусусии ду кишвар ва ҳамкорӣ дар бахши энержӣ тавофуқ шуд.
Ду тараф бо ибрози ризоият аз равобити рӯ ба густариши иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон тайи солҳои ахир, бар зарурати тасҳил дар ҳамкориҳои ҳамлунақли дуҷониба таъкид карданд.
Ҳайати тоҷикистониро дар ин нишаст Қоҳир Расулзода, нахуствазир, Худоёр Худоёрзода, Усмоналӣ Усмонзода, Заробиддин Файзуллоҳзода ва Иззатуллоҳ Шарифзода, вазирони ҳамлунақл, об ва захоири энержӣ, саноат ва фанновариҳои нав ва кишоварзии Тоҷикистон намояндагӣ мекарданд.