Апрел 10, 2019 14:01 Asia/Dushanbe
  • Интихоботи раёсатҷумҳурии Қазоқистон бидуни духтари Назарбоев

Дастёри раёсати Сенати Қазоқистон гуфт, ки духтари Назарбоев дар интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурии ин кишвар ширкат намекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Форс Саула Мустафоева, дастёри Дариға Назарбоева, духтари Нурсултон Назарбоев раисҷумҳури собиқи Қазоқистон гуфт: Дариға Назарбоева, ки ҳамакнун раиси Сенати Қазоқистон аст, қасд надорад дар интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурии Қазоқистон ширкат кунад.

Дариға Назарбоев баъд аз канорагирии Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури собиқи Қазоқистон аз мақоми раёсатҷумҳурии ин кишвар ба унвони раиси Сенат интихоб шуд.

 Раисҷумҳури муваққати Қазоқистон, Қосим-Жомарт Тоқаев бо имзои фармоне 9-ми июлро ба унвони рӯзи баргузории интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар эълом кард.