Оқибатҳои ногувори коҳиши вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба Русия
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i43267-Оқибатҳои_ногувори_коҳиши_вуруди_коргарони_муҳоҷири_хориҷӣ_ба_Русия
Мудири Пажӯҳишгоҳи ҷамъияти вобаста ба Мактаби олии иқтисодии Русия мӯътақид аст, бо суръати феълии коҳиши ҷамъияти бумӣ ва кам шудани вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба ин кишвар, имкони ҷуброни коҳиши ҷамъият вуҷуд нахоҳад дошт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 24, 2019 14:12 Asia/Dushanbe
  • Оқибатҳои ногувори коҳиши вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба Русия

Мудири Пажӯҳишгоҳи ҷамъияти вобаста ба Мактаби олии иқтисодии Русия мӯътақид аст, бо суръати феълии коҳиши ҷамъияти бумӣ ва кам шудани вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба ин кишвар, имкони ҷуброни коҳиши ҷамъият вуҷуд нахоҳад дошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз рӯзномаи русии Газета.Ру, Анатолий Вишневский гуфтааст, ки бо коҳиши 400 ҳазорнафарӣ аз ҷамъияти Русия дар сол ба далели набуди зоду валад дар ҳоли ҳозир, то соли 2035 имкони ҷуброни ин хисорот бо вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ғайримумкин хоҳад шуд.

Аз соли 2014 ва дар пайи таҳрими Русия аз сӯи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ва коҳиши мизони маош ва дастмуздҳо, вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ва бавижа Осиёи Марказӣ ба Русия коҳиш ёфтааст.

Дар ин миён дар соли 2018 афзоиши ҷамъияти Русия аз ҳисоби вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ наздик ба 125 ҳазор нафар будааст, ки пойинтарин мизон аз соли 2014 ба шумор меравад. Дар соли 2014 ин теъдод 450 ҳазор нафар буд, ки дар соли 2018 ба 125 ҳазор нафар расид.

Ҳамчунин дар соли 2014 беш аз 308 ҳазор нафар қаламрави Русияро тарк кардаанд, ки дар соли 2018 теъдоди ин афрод ба 441 ҳазор нафар расидааст.