Апрел 27, 2019 12:10 Asia/Dushanbe
  • Поёни размоиши муштараки Туркия, Узбакистон ва Покистон

Ҷонишини Ситоди кулли артиши Узбакистон аз поёни размоиши муштараки ин кишвар бо Туркия ва Покистон хабар дод.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи хабаргузории Анатолий, Шуҳрат Икромов дар маросими поёнии размоиши муштараки кишвараш бо Туркия ва Покистон, ки аз душанбеи гузашта ( 22 апрел ) оғоз шуда буд гуфт, ин размоиш бо тамаркуз бар равишҳои мубориза бо терроризм, дар тамоми мароҳил бо муваффақият ба поён расид.

Ин размоиш дар устони Ҷаззаки Узбакистон, баргузор шуд.

Барчасп