Май 02, 2019 11:36 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти пойгоҳои Русия дар Осиёи Марказӣ

Русия бо таваҷуҳ ба густариши ҳузури ДИИШ дар Афғонистон ва ба манзури пешгири аз фаъолияти терористҳои ДИИШ алайҳи муттаҳидони Русия дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ тадбирҳоеро гирифта,ки тақвияти пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҷумлаи ин тадбирҳост.

Дар ин росто Сергей Шойгу вазири дифоъи Русия аз афзоиши омодагии размии пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Қирғизистон ва Тоҷикистон ва гирифтани тадбирҳои дигаре барои мумониъат аз вуруди аносири ифротигаро аз минтақаҳои шимоли Афғонистон ба Осиёи Марказӣ хабар дод. Вай ҳамчунин бар талоши Маскав дар ростои ба рӯзрасонии неруҳои мусалаҳи шарикони минтақаӣ ва беҳбуди сатҳи тавонмандии низомии онҳо таъкид кард.

Шойгу пештар низ дар нишасти вазирони дифоъи Созмони ҳамкориҳои Шанхай гуфта буд; терористҳои ДИИШ пас аз шикаст дар Сурия ба Осиёи Марказӣ ва ҷануб шарқи Осиё мераванд. Барои пешгири аз нуфузи ДИИШ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд пойгоҳи 201 неруҳои низомии Русия дар Тоҷикистон тақвият шавад.

Русия низ пеш аз ин эълом карда буд минтақаҳои шимоли Афғонистон ба паноҳгоҳе барои аносири ДИИШ табдил шудааст. Тақвияти ДИИШ дар Афғонистон то таваҷуҳ ба руйкарди Амрико дар заминаи ҳимоят аз ҳузури ин гуруҳи терористӣ дар Афғонистон ва ҳатто кумак ба аносири ДИИШ барои вуруд ва истиқрор дар ин кишвар аҳамият меёбад. Маскав борҳо НАТТО ва Амрикоро ба кумакҳои таслиҳотӣ ва лаҷастикӣ ба гуруҳи терористии ДИИШ дар Афғонистон мутаҳам кардааст.

 Ба гуфтаи Мария Захарова сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия; бо таваҷуҳ ба иттилооти  мавриди итминон  ба сироҳат метавон бар ҳимоят ва пуштибонии шохаи ДИИШ дар Афғонистон аз суи неруҳои Амрико ва НАТТО таъкид кард,ки ин кумакҳо шомили ҳамл ва нақли ДИИШИҲо тавассути болгардҳои ношинохта ва арзаи таслиҳоти низомии маргбор аст.

Аз нигоҳи Маскав ин масоил боис мешавад то дар мавриди ҳадафҳои воқеъии ҳузури низомии неуҳои хориҷӣ дар Афғонистон прсишҳои ҷиддӣ матраҳ шавад. Зимни ин,ки бо таваҷуҳ ба руйкарди тавсиъаи ҳавзаи нуфуз ва амалиёт,ки гуруҳи терористии ДИИШ дар ҳамаи нуқтаҳое,ки дар онҳо мустақар буда пайгирӣ карда ин таҳдиди ҷиддӣ вуҷуд дорад,ки терористҳои ДИИШӢ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ нуфуз карда ва аз онҷо раҳсипори Русия шуда ва ин кишварҳоро дучори таҳдидҳои ҷидии амниятӣ кунанд.

 Михаил Багданов намояндаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Ғарби Осиё дар феврали 2019 гуфт; густариши ДИИШ таҳдиди ҷидӣ барои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аст. Вай бидуни ишора ба номи Амрико эълом кард; мо аз ғарбиҳо интизор дорем,ки аз терористҳо барои расидан ба ҳадафҳои жеапалетикӣ истифодаи абзорӣ накунанд.

Ба далели ҳадафҳои калони Амрико дар ростои бесуботӣ ва эҷоди таҳдид барои бархе ҳамсоягони Афғонистон, Вашингтон руйкарди ҳимоят аз ДИИШ дар ин кишвари ҷангзадаро дар пеш гирифтааст. Дар муқобил Русия бо таваҷуҳ ба таҳдидҳои ҷидӣ дар ин замина дар қолиби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, талошҳои густардаеро ба манзури муқобила бо нуфузи ДИИШ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пеш гирифтааст.

Бо таваҷуҳ ба ҳузури низомии Русия дар ду кишвари ин минтақа яъне Тоҷикистон ва Қирғизистон табиатан тақвияти пойгоҳҳои Русия барои пешгири аз рахна ва ҳузури ДИИШИҲО дар ин кишварҳо мади назари Маскав аст.