Май 17, 2019 18:24 Asia/Dushanbe
  • Нишасти амниятии намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико дар Душанбе

Нишасти амниятии намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико ё «C5+1» дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Амрико рӯзи ҷумъа дар нишасти гурӯҳи кории амниятӣ дар Душанбе масоили марбут ба ҳамкориҳои минтақаӣ дар заминаи мубориза бо терроризмро баррасӣ карданд.

“С5+1” дар ноябри соли 2015 дар нишасти вазирони умури хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико дар Самарқанди Узбакистон бо ҳадафи ройзанӣ дар бораи беҳбуди ҳамкориҳои мутақобил дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, бозаргонӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва иртибототӣ, энержӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳои мутақобил дар ҳавзаи ҷилавгирӣ ва муқобила бо таҳдидоти фаромиллӣ эҷод шуд.

Бархе коршиносон ва манобеи русӣ муътақиданд, Амрико бо баҳонаи ҳамкориҳои амниятӣ талош мекунад, зимни коҳиши нақши Русия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро, ки дар соли 1992 бо мушорикати Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон бо ҳадафи мамонеат аз нуфузи Амрико дар минтақа ташкил шуд, тазъиф кунад.

 

Барчасп