Буҳрони камобӣ дар минтақаи дарёчаи Арал ва хатароти нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон
(last modified 2016-09-19T05:00:33+00:00 )
Сентябр 19, 2016 10:00 Asia/Dushanbe
  • Буҳрони камобӣ дар минтақаи дарёчаи Арал ва хатароти нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон

Бо вуҷуди эъломи натоиҷи таҳқиқи мушаххасоти фаннӣ ва зист муҳитии Бонки ҷаҳонӣ дар бораи имконпазир будани такмили сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар Тоҷикистон, маҳофили сиёсиву илмии Узбакистон ба баҳонаи буҳрони камбуди об дар минтақаи дарёчаи Арал, даст кашидани мақомоти Душанбе аз ин тарҳи муҳими энержиро хостор шудаанд .

Ба иттилои сайти Осиёи Марказӣ, ахиран ду нафар аз коршиносони узбак Қурбонбоев ва Ҳаққназаров бо интишори таҳлиле дар бораи паёмадҳои буҳрони камбуди об дар минтақаи дарёчаи Арал пас аз ба баҳрабардорӣ расондани тарҳи нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар Тоҷикистон, бар зарурати тазмини ин кишвар барои таъмини оби мавриди ниёзи сокинони ин ҳавза таъкид карданд.

Ин афрод муддаӣ шуданд, натоиҷи таҳқиқи мушаххасоти фанниву зист муҳитии Бонки ҷаҳонӣ дар бораи имконпазир будани такмили сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар Тоҷикистон ноқис аст ва сарони 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бояд тафоҳумномаи ҷадиде дар бораи иртифои садди ин нерӯгоҳ, мизони оби хуруҷии он дар фасли тобистон ва муқовим будани ин тарҳ дар баробари зилзилаҳои эҳтимолии шадид имзо кунанд.

Ахиран ширкати италияии Impregilo S.p.A Salini барандаи тендери байналмилалии сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун мутааҳҳид шудааст, то соли 2018 ду турбинаи нахусти ин нерӯгоҳро бо тавони тавлиди беш аз чаҳор миллиард киловатт соат барқ дар сол ба баҳрабардорӣ бирасонад.  

Ба баҳрабардории комил расондани ин нерӯгоҳ бо зарфияти тавлиди 13 миллиард киловатт соат барқ дар сол низ ниёзманди 13 сол замон ва наздик ба чаҳор миллиард доллар сармоя аст .